ҒАЛАБАИ ТАЛАБАГОНИ ЛИТСЕИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР ОЛИМПИАДА
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Натиҷаҳои ниҳоии олимпиадаи зимистонаи талабагони мактабҳои пойтахт ҷамъбаст карда шуданд. Аз Раёсати маорифи шаҳр ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар байни гимназияҳо литсеи президентӣ ғолиб омад. Талабагони литсеи мазкур дар олимпиада соҳиби 23 мукофот гардиданд. Талабагони гимназия — интернати муштараки Тоҷикистону Русия ҷои дуюмро ишғол карданд. Дар ҷойҳои минбаъда гимназияҳои №53 ва «Душанбе» қарор доранд. Талабагони ин гимназияҳо аз рӯи фанҳои математика, физика ва информатика натиҷаҳои беҳтарин ба даст оварданд. Дар байни мактабҳо мактаби миёнаи рақами 21 ҷои аввалро ишғол намуд. Ҷойҳои дуюму сеюм насиби мактабҳои № № 15 ва 78 гардиданд. Мудири шӯъбаи раёсати маорифи шаҳр, котиби комиссияи олимпиада Ҳанифа Сатторова зикр намуд, ки моҳҳои март- апрели соли 2009 олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Ғолибони олимпиадаи шаҳрӣ дар он иштирок менамоянд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






