ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМА АЗ САФИРИ НАВИ ЛИТВА

Январь 26, 2009 11:34

                Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ҷумҳурии Литва дар Тоҷикистон Ромуалдас Козировичюс эътимоднома қабул намуд.               Дар сӯҳбати Сарвари давлат Эмамалӣ Раҳмон бо Ромуалдас Козировичюс, ки баъди маросими супурдани эътимоднома сурат гирифт, ҳолати кунинӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Литва баррасӣ шуд.               Афзоиши мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки ҳаҷми он дар соли 2008 беш аз 110 миллион даллари амрикоро ташкил дод, нишона аз вуҷуди имконоти васеи ҳамкории иқтисодӣ маънидод шуд ва таъкид гардид, ки ин нишондод бояд боз ҳам афзоиш ёбад.                Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии пешомади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Литва ба густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, техникию технологӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.                Бунёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон оид ба истеҳсоли маводи сохтмонӣ коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо технологияҳои пешрафтаи аврупоӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикию нақлиётӣ ва густариши интиқоли молу маҳсулот аз қаламрави ду кишвар аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодӣ арзёбӣ гардид.                Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунинии Афғонистон, мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосирва дигар мавзӯъҳои мавриди тавваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.               Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Январь 26, 2009 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд