ҚАРЗҲОИ ДОДАИ БОНКҲО 30 ФОИЗ АФЗУД

Январь 28, 2009 14:46

                 Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Бонкҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон имрӯз каму беш проблемаҳои пардохтпазирӣ доранд, чӣ бо асъори хориҷӣ ва бо асъори миллӣ. Дар ҳисоби бонкҳои тиҷоратӣ тахминан 64 миллион сомонӣ мавҷуд аст. Бонкхо байни худ бо сомонӣ кор мекунанд», — зикр намуд раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода.                 Раиси бонк афзуд, ки агар дар бораи рейтинги Тоҷикистон дар бораи қарзгирӣ гӯем, фақат ҳаҷми қарзҳои додашуда дар соли гузашта 30 фоиз зиёд шуданд. Бонкҳо аз хориҷи кишвар барои қарзгирӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон 196 миллион доллар ҷалб карданд. Дар ду соли охир ба воситаи ташкилотҳои маблағгузории хурд то 340 миллион доллар ҷалб шуданд. Ҳамаи ин маблағҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон равона мегарданд. Ҳаҷми умумии бақияи қарзҳо дар охири соли 2008 4,8 миллиардро ташкил дод. Микдори қарзгирон ҳам ду баробар зиёд шуд.                 «Мувофиқи супориши Сарвари давлат мо тасмим гирифтем, ки дар соли 2008 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 23 бонк ва шӯъбаҳои онро зиёд намоем, ки он боиси зиёд шудани қарздиҳӣ ва ҳаҷми умумии қарзҳо мегардад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ аксар бонкҳо бевосита бо бонкҳои кишварҳои дигар фаъолият мекунанд ва аз бонкҳои дигар бевосита маблағ мегиранд. Мо фақат дар охири моҳ мебинем, ки кадом бонк аз кадом бонки хориҷӣ чӣ қадар маблағ гирифтааст ва фақат назорат мекунем, то ин, ки шартҳое, ки дар шартномаи байни бонки Тоҷикистон ва бонки хориҷӣ ё ташкилоти хурди маблағгузории Тоҷикистон ва ташкилоти хурди хориҷӣ баста мешавад, бар зарари бонкҳо ё бар зарари ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ набошад», идома дод Шариф Раҳимзода.                 Ӯ зикр кард, ки масалан, имрӯз аз бонки мо як ташкилоти маблағгузории хурди хориҷӣ ба маблағи як миллион доллари амрикоӣ бо 10 фоизи солона то соли 2011 гирифтани буд ва мо шартномаро ба имзо расонидем. Ин маблағҳое ки аз бонкҳои мо мегиранд ҳам дар иқтисодиёти Тоҷикистон истифода мешаванду ҳам фоизаш барои бонкҳо зарур аст.                 Бояд зикр кард, ки дар чаҳорчӯбаи барномаҳои иқтисодӣ бошад, имсол аз ҳисоби буҷет барои ба воситаи бонкҳо маблағгузорӣ кардани соҳаҳои гуногун 180 миллион сомонӣ ҷудо мегардад.                 Боло бурдани қурби пули миллӣ ва бо ин восита баробар кардани талаботу пешниҳоди асъори хориҷӣ аз вазифаҳои асосии бонкдорӣ дар тамоми дунё аст. Имрӯз талабот дар бозори мо ба асъори хориҷӣ зиёд аст. Ворид шудани асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон имрӯз басанда аст. Интиқоли пул дар даҳаи дуюми моҳи январи соли равон нисбат ба ҳамин даҳрӯзаи соли сипаригардида дар ҳаҷми 5 фоиз маблағ ворид гардидааст. Навобаста аз бӯҳрони молиявӣ интиқолҳои пулӣ ба Тоҷикистон зиёд шуданд.               Ш. Раҳимзода афзуд, ки поёнравии сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ ба бӯҳрони молиявӣ вобастагӣ дорад. Бар асари бӯҳрони молиявӣ 50 фоиз поён рафтани арзиши пахтаву алюминий, ду ашёи асосии содиротии Тоҷикистон ва коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирон дар зимистон боиси гарон шудани қимати доллар дар баробари сомонӣ шудааст.                Раиси Бонки миллӣ афзуд, захираи арзу тиллои Тоҷикистон, ки феълан 198 миллион долларро ташкил медиҳад, барои нигоҳ доштани қурби сомонӣ кифоят мекунад.   

Январь 28, 2009 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад