ҚАРЗИ БЕРУНАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2009

Январь 14, 2009 12:56

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Маблағи умумии қарзҳои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якуми январи соли 2009 –ум як миллиарду 371,44 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ММД – 26,71 % мебошад. Ҳаҷми умумии қарзи беруна дар 12 моҳи соли ҳисоботӣ  251,5 миллион доллари ИМА афзоиш ёфта бошад ҳам (ба 01.01.2008 – 1119,9 млн. долл. ИМА), имрӯз дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, нисбат ба ММД — 3,5 фоиз кам гардидааст (ба 01.01.2008 – 30,2 фоиз). Ҳаҷми умумии қарзи беруна аз ҳисоби азхуд намудани қарзҳои ҷалбшаванда ба маблағи 352,11 миллион доллари ИМА зиёд шуд ва аз ҳисоби пардохти қарзи асосӣ ба маблаѓи 72,35 миллион доллари ИМА ва ҷаҳиши асъорӣ ба маблағи — 28,22 миллион доллари ИМА кам гардид.Сабаби зиёдшавии ҳаҷми қарзҳои беруна аз худ намудани кредитҳои ҷалбнамуда аз ташкилотҳои молиявии байналмиллалӣ ва  «Эксимбонк»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Хизматрасонӣ ва пардохти қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назардошти кредитҳои ХБА ва қарзҳои кафолатноки ҳукуматӣ  дар давраи ҳисоботӣ — 89,4 миллион доллари амрикоиро, аз он ҷумла аз ҳисоби пардохти қарзи асосӣ- 72,3 миллион доллари ИМА ва фоизи пардохт-17,1 миллион доллари ИМА, ташкил дод.Хизматрасонӣ ва пардохти қарзи бевоситаи давлатӣ, маблағи  умумии — 56,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ — 46,5 миллион доллари ИМА ва аз ҳисоби Роҳи оҳани Тоҷикистон, барои пардохти қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳи кашонидани борҳои транзитии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 10 миллион доллари ИМА. Дастоварди муҳим оиди сабук намудани хизматрасонии қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пардохти пурраи қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Федератсияи Россия мебошад.Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008 Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 — 2010 маъқул дониста шуд ва бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2008 тасдиқ гардидааст, ки ба баланд бардоштани самаранокии ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Барои тақвияти дастовардҳо «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011» таҳия гашта ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва 31 октябри соли 2008 тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур имконият медиҳад, ки воридоти доимии захираҳо таъмин гардида, дар айни ҳол қарз дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шавад.Дар давраи ҳисоботӣ шаш созишномаи қарзӣ бо маблағи умумии — 86,4 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шудаанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Январь 14, 2009 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад