ҚАРЗИ БЕРУНИИ ҶТ ҚАРИБ БА ЯКУ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА МЕРАСАД

Январь 13, 2009 16:36

Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни маҷлиси ҷамбасти натиҷаҳои соли гузашта зикр намуд, ки маблағи қарзи берунии  Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январ бештар аз 1 миллиарду 371  миллион доллари ИМА — ро ташкил дод. Ин  ба 26,7 фоизи  маҷмӯи маҳсулоти умумии дохилӣ баробар аст. Қайд карда шуд, ки маблағи қарзи берунии Тоҷикистон дар давоми соли 2008   254,5 миллион доллари ИМА зиёд гардидааст. Афзоиши маблағи қарзи берунӣ асосан ба  гирифтани қарзҳои имтиёзноки созмонҳои байналхалқии молиявӣ ва бонки  «Эксимбонк» — и Чин вобаста мебошад. Дар давоми соли гузашта қарзҳои ҷумҳурӣ аз Хазинаи байналхалқии асъор ва  қарзҳои дорои кафолати Ҳукуматӣ ба маблағи 89,4 миллион доллар баргардонида шуданд. Дар давоми соли гузашта ба маблағи 56,5 миллион доллари ИМА қарзи давлатии ҷумҳурӣ баргардонида шуд, гуфт. С. Наҷмиддинов

Январь 13, 2009 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад