ҚАТАР ДАР ДУШАНБЕ МАСҶИД ВА МАҶМААИ БИНОҲОИ ТИҶОРАТИ МЕСОЗАД

Январь 19, 2009 13:01

          Душанбе, 19 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои татбиқи барномаҳои инвеститсионии давлати Қатар дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдллоев бо Вазири давлатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад ал-Атия баррасӣ шуданд.        Ҷонибҳо доир ба сохтмони масҷиди мўҳташами ба номи Ал-Бухорӣ,  маҷмўи иншооти бисёрошёнаи манзилӣ, ки дар асоси  тафоҳумоти ҳасанаи байни Сарони ҳар ду кишварҳо амалӣ хоҳанд гардид,  табодули назар карданд.          М. Убайдуллоев гуфт, ки баҳри таҳкими робитаҳои оғозгардида дар асоси муроҷиати бахши душанбегии ширкати «Ад-Диёр»-и давлати Қатар ба ширкати мазкур барои лоиҳакашии маҷмааи биноҳои  савдою манзилӣ дар кўчаи Низомии Ганҷавии Душанбе аз ҷониби шаҳрдорӣ иҷозат дода шуда, барои иҷрои ин амал ба он ду сол мўҳлат муқаррар карда шудааст.           Зимнан раиси шаҳр бо истифода аз ҳузури вазир даъват ба миён овард, ки бо таҳияву аз экспертизаи давлатии меъморӣ ва сохтмони гузаронидани лоиҳаи мазкур барои дар доираи талаботи қонунгузории мамлакат ҳар чи зудтар оғоз бахшидан ба бунёди иншоот ҷиҳати дастрас намудани Қарори дахлдори Раиси шаҳр  оид ба иҷозати сохтмон корҳо ҷоннок карда шаванд.          Тибқи иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар ҷараёни мулоқот мусоҳибон масоили марбут ба интихоби қитъаи замин барои дигар лоиҳаҳои аз ҷониби давлати Қатар дар шаҳри Душанбе татбиқшавандаро мавриди муҳокима қарор доданд.          Зикр гардид, ки шаҳрдори Душанбе барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ширкатҳои давлати Қатар омодааст. Дар фарҷоми мулоқот баҳри расидагӣ ба ин ҳадафҳо ва омўзиши амиқи масъалаву мутобиқгардонии онҳо ба талаботи қонунгузории кишвар аз ҳар ду ҷониб гурўҳи муштараки корӣ таъсис дода шуд.

Январь 19, 2009 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд