ҚАЗОҚИСТОН АЗ ТОҶИКИСТОН ҚАРЗДОР НЕСТ

Январь 12, 2009 17:18

          Душанбе, 12 январ.  (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Дар изҳороти махсуси имрӯз дарҷнамудаи вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Қазоқистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздор нест. Қабл аз ин баъзе воситаҳои  ахбори оммавӣ хабар дода буданд, ки гӯё Қазоқистон аз Тоҷикистон ба маблағи 12 миллион доллари ИМА қарзи давлатӣ дорад ва ба ивази он ба мамлакати мо ғалла, орд ва маводи сӯхт мефиристад.        Тавре ки дар изҳороти вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда мешавад, 12 миллион доллари ИМА қарзи  ширкатҳои энергетикии Қазоқистон аз Тоҷикистон барои интиқоли қувваи барқ дар давоми солҳои 90- ум мебошад. Масъулияти баргардонидани қарзи мазкур  ба зиммаи ширкати  воридотии  «Қазоқистонэнерго»  гузошта мешавад. Ширкати саҳомии  «Барқи тоҷик»  дар вақташ бо ширкати Қазоқистон дар ин бобат қарордод имзо карда буд. Ҳамин тариқ «қарзи мазкур ба муносибати  ду ширкати ин мамлакатҳо дахл дорад ва онро  қарзи давлатӣ шуморидан мумкин нест», — гуфта мешавад дар изҳорот.

Январь 12, 2009 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад