ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ ИСРОИЛ БО ВОҲАИ ҒАЗЗАҲ ДОХИЛ ШУДАНД
Ғаззаҳ, 4 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК).- Қисмҳои ҳарбии нахустини артиши Исроил бо кӯмаки чархболҳо ба қисмати шимолии воҳаи Ғаззаҳ зада даромаданд. Ба қавли шоҳидон, қисмҳои ҳарбӣ хати сарҳадро дар наздикии шаҳри Байт Лаҳия рахна карданд. Манбаъҳои низомии Исроил низ дар ин бора хабар дода, зикр намуданд, ки ҳадафи амалиёти низомӣ мубориза ба муқобили ҷунбиши «Хамос» мебошад. Ҷараёни рахна кардани сарҳади Фаластин ба воситаи телевизиони маҳаллӣ мустақиман намоиш дода шуд. Тавре хабар дода шуда буд, аз аввали амалиёти ҳарбии Исроил дар воҳаи Ғаззаҳ бештар аз 430 нафар ҳалок ва қариб 2 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуд. Бисёр мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ амалиёти низомии Исроилро дар воҳаи Ғаззаҳ маҳкум намуданд.








Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо ва Агентии назорати давлатии энергетикӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






