ҚОНУН «ДАР БОРАИ МАБЛАҒИ КАМТАРИНИ РӮЗГУЗАРОНӢ» ҚАБУЛ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Иттиҳоди миллии сиёсатшиносони ҷумҳурӣ бори аввал дар бобати муайян намудани маблағи камтарини барои рӯзгузаронӣ зарурӣ тадқиқот анҷом дод. Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар мамлакат барои таъминоти қути лоямути як нафар дар як моҳ 254 сомонӣ зарур аст. Мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти иқтисодии Тоҷикистон Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи маблағи камтарини рӯзгузаронӣ» қабул карда мешавад. Ҳукумати мамлакат лоиҳаи қонуни мазкурро бо супориши Президенти ҷумҳурӣ таҳия месозад. Ҳ.Умаров афзуд, ки дар шароити имрӯза маблағи маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон аз маблағи камтарини барои рӯзгузаронӣ зарур чор маротиба камтар мебошад. Ба ақидаи мутахассисон, қабули қонуни зикршуда мақомоти мамлакатро водор хоҳад кард, ки барои зиёд кардани маблағи камтарини маош ва музди кор тадбирҳо андешанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






