ҚУРБИ ДОЛЛАР БОЛО МЕРАВАД
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Тавре ки маълум аст, қурби доллари ИМА аз рӯзҳои аввали соли нав сар карда, муттасил боло меравад. Аз Бонки миллии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки қурби пул ҳамчун яке аз нишонаҳои мусбати макроиқтисодӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ҳамеша тағйир ёфта метавонад. Ин пеш аз ҳама ба суръати пешрафти иқтисодиёт ва мавқеи мамлакат дар соҳаи фаъолияти берунии иқтисодӣ вобаста мебошад. Бинобар ин тағйироти арзиши пул дар заминаи вазъияти умумии макроиқтисодӣ, аз ҷумла вобастагии мутақобилаи пешрафти иқтисодиёт, афзоиши истеҳсоли мол, дараҷаи беқурбшавии пул, вазъияти зарару фоидаи тиҷорат ва ғайра ба амал меояд. Дар баробари ин нуқтаҳои табдили асъор, ки ба бонкҳо ва шахсони алоҳида тааллуқ доранд, дар ин бобат нақши муҳим бозида метавонад. Бонки миллии Тоҷикистон принсипҳо, тартибот ва хусусияти фаъолияти нуқтаҳои табдили пулро ба низом медарорад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






