ҲАҶМИ ГАРДИШИ САВДОИ ХОРИҶӢ 16,5 ФОИЗ АФЗУД

Январь 30, 2009 09:28

               Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар соли сипаригашта Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2007 — ум 7,9 фоиз афзуда, 17 миллиарду 609,3 миллион сомонӣ ё 5134 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2007-ум 515 доллари ИМА ва дар соли 2008 ба 2390 сомонӣ ё 697 доллари ИМА баробар шуда, афзоиши он 35,3 фоиз таъмин гардид. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 29 январ, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода ба хабанигорон иттилоъ дод.               Ӯ афзуд, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар соли сипаригардида нисбат ба соли 2007-ум 4 фоиз камтар шуда, 5 миллиарду 905 миллион сомониро ташкил дод. Хаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишаврзӣ бошад, дар ин давра 7 миллиарду 807,3 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 фоиз зиёд аст.               Бояд қайд кард, ки дар соли 2008 робитаҳои иқтисодии хориҷии ҷумҳурӣ, ҳам бо кишварҳои ИДМ ва ҳам бо мамлакатҳои хориҷаи дур густариш ёфта, гардиши савдои хориҷӣ 4 миллиарду 676,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки назар ба соли гузашта 16,5 фоиз афзуда аст.  

Январь 30, 2009 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад