ҲАҶМИ МАБЛАҒҲОИ ИНТИҚОЛИИ БРТ БА 48,6 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ ИМА РАСИД
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Соли сипаришуда ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» тавонист мавқеи худро дар бозори молиявии Тоҷикистон қавитар гардонад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд, дороиҳои бонк ба санаи 31 декабри соли 2008 — ум 98 миллиону 614 ҳазору 398 сомониро ташкил дод, ки афзоиш он нисбати соли 2007 — ум 210,1 фоиз зиёд мебошад. Дороиҳои худи бонк (сармоя) дар охири сол 60 миллиону 482 ҳазору 643 сомониро ташкил дод, ки ба 243,2 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд. Ӯҳдадориҳои бонк бошанд, дар ин давра ба 38 миллиону 131 ҳазору 755 сомонӣ расиданд, ки ин нишондиҳанда 69,04 фоиз нисбати соли гузашта зиёд аст. Даромад дар соли ҳисоботӣ 14 миллиону 394 ҳазору 435 сомониро ташкил дод ва ҳамин тарз нисбати соли гузашта 170,2 фоиз зиёд мебошад. Қарзҳои додашуда дар соли 2008 нисбат ба соли гузашта 85,7 фоиз зиёд гашта, 98 миллиону 506 ҳазору 511 сомониро ташкил доданд. Яке аз самтҳои асосии қарздиҳӣ ин маблағгузории рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Дар соли 2008 вазни қиёсии қарзҳои хоҷагии қишлоқ 16,4 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ё 16 миллиону 150 ҳазору 930 сомониро ташкил дод. Ҳамчунин қайд гардид, ки амонатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба 26 013 596 сомонӣ расиданд, ки ин 298 фоиз нисбати аввали сол зиёд мебошад. Ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ бошад, ба санаи якуми январи соли 2009 -ум ба 48,6 миллион доллари ИМА баробар гардид.








Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд






