ҲАҶМИ САРМОЯГУЗОРИИ ХОРИҶӢ КАМ ШУД

Январь 21, 2009 16:07

             Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Аз маркази иттилооти СММ хабар доданд, ки дар давоми соли 2008 ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими хориҷӣ нисбат ба соли 2007 — ум 21 фоиз кам шуда, 1,4 триллион доллари ИМА — ро ташкил дод. Дар хабари маркази иттилоотии СММ гуфта мешавад, ки бисёр корхонаю ширкатҳо дар бораи кам кардани истеҳсоли мол, хароҷоти умумӣ ва аз кор озод кардани коргарон қарор қабул намудаанд. Ин сабаби боз ҳам коҳиш ёфтани сармоягузории мустақими хориҷӣ мегардад.                    Бояд гуфт, ки оқибати бӯҳрони молиявӣ ба ҷараёни сармоягузории хориҷӣ дар минтақаҳои гуногун таъсири хархела мерасонад. Соли 2008 вуруди сармоя ба мамлакатҳои тараққикардаи саноатӣ нисбат ба соли пешин 33 фоиз кам шуд. Дар баробари ин бо вуҷуди душвориҳои вазнини иқтисодӣ, бӯҳрони молиявӣ ва муноқишаҳои минтақавӣ вуруди сармояи хориҷӣ ба мамлакатҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ ва ИДМ то андозае афзуд. Ҳаҷми сармоягузорӣ ба ин мамлакатҳо соли гузашта 6,2 фоиз зиёд гардид.                  Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки то 1 январи соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 51 барномаи сармоягузорӣ мавриди иҷро қарор дода шуд, ки маблағи умумии онҳо 5,19 миллиард сомонӣ мебошад. Маблағи сармоягузории мустақим ба мамлакат 3 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Тарҷумон — Қудратов А.  

Январь 21, 2009 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад