ҲАДАФИ «ТОҶИКМАТЛУБОТ» ҒАНӢ ГАРДОНИДАНИ БУҶАИ ДАВЛАТ

Январь 31, 2009 10:58

             Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масъулони Иттифоқи «Тоҷикматлубот» корпартоии тоҷирони бозорҳои минтақаҳои Рашту Кӯлобро ҷиҳати боло бурдани иҷорапулӣ амали нодурусту ноҷо унвон карданд.              Онҳо мӯътақид бар онанд, ки «Тоҷикматлубот» қимати иҷорапулиро дар кулли бозорҳои кишвар бо мақсади ғани гардонидани буҷаи давлат дар ҳаҷми 6 фоиз афзоиш додааст, ки ин маблағи ночиз маҳсуб шуда, намебоист боиси эътирози тоҷирон гардад.               Мавриди ёдоварист, ки тоҷирони бозорҳои Кӯлобу Рашт барои 1 метри мураббаъ дар як моҳ 60 сомонӣ пули иҷора медоданд. Тибқи муқаррароти нав ин маблағ ба 84 сомонӣ баробар шудааст.  

Январь 31, 2009 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад