ҲАВОПАЙМОҲОИ ТОҶИКИСТОН БАЛАНДТАР ВА ДУРТАР ПАРВОЗ МЕКУНАНД

Январь 28, 2009 16:43

              Душанбе, 28 января. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Натичаҳои фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" дар соли 2008 оиди иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ бештар, сифат ва самаранокии кор нисбат ба соли 2007 беҳтаранд, гуфт дар нишасти матбуотии навбатӣ директори генералии корхонаи мазкур Алимурод Махмадалиев.              КВДҲ «Тоҷик Эйр» соли 2008 якҷоя бо корхонаҳои фаръии тобеи худ 615,9 ҳазор мусофир кашонд, ки нисбат ба соли 2007-ум 41,1 ҳазор ё 7,2 фоиз зиёд мебошад. Ин натиҷаи истифодаи ҳавопаймоҳои Боинг 757-200,737-200, 737-300, 737-800, афзоиши миқдори парвозҳои фармоишӣ ва кушодани роҳҳои нави ҳавоӣ ба шаҳрҳои Нижневартовск, Нижний Новгород, Барнаул, Пермь, Тюмень, Ростови лаби Дон ва шаҳрҳои дигари Федератсияи Россия, омӯзиши доимии талаботи мусофирон ва истифодаи тарифҳои мавсимӣ мебошад.              Ӯ қайд кард, ки бо вуҷуди рақобати шадид бо ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷи ба КВДҲ, «Тоҷик Эйр» муяссар гардид, ки дар бозори хизматрасонии ҳавопаймоӣ мавқеи худро нигоҳ дошта, натиҷаҳои корашро афзоиш диҳад.  Соли 2008 дар бозори хизматрасонии ҳавоии Тоҷикистон 25 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 2 ширкати ҳавопаймоии ҷумҳурӣ — КВДҲ, «Тоҷик Эйр» ва ширкати «Сомон Эйр», 15 ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Россия, 4 ширкати кишварҳои ИДМ ва 4 ширкати хориҷаи дуру наздик аз Туркия, Хитой, Афгонистон ва Эрон фаъолият доштанд.Дар самтҳои байналмилалӣ ҳамагӣ 1 млн. 96 ҳазор мусофир кашонида шуд, ки 351,1 ҳазор мусофир ба КВДҲ «Тоҷик Эйр» рост меояд ва 36,4 фоизро ташкил медиҳад. Ширкати «Сомон Эйр» 104,8 ҳазор нафарро интиқол дод. Ширкатҳои хоричӣ ҳамагӣ 640,1 ҳазор мусофирро интиқол намуданд.              Соли 2008 дар дохили мамлакат 194 ҳазор мусофир кашонида шуд, ки назар ба соли пешин 5,8 фоиз зиёд аст. Дар ин давра бо назардошти талаботи ахолӣ парвози ҳавопаймоҳо дар самти Душанбе-Хуҷанд-Душанбе бо ҳавопаймоҳои Боинг 737-200, Ту-154 ва АН-24 ба роҳ монда шуд, ки ба туфайли ин на танҳо барои пӯшонидани зарар, балки ба даст овардани фоида аз ин парвозҳо шароит фароҳам омад.  

Январь 28, 2009 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад