ҲОДИСАИ ХУДКУШӢ ДАР СУҒД ЗИЁД ШУД, ЧАРО?
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти додситонии вилояти Суғд соли 2008 дар қаламрави вилоят 240 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2007 -2 адад бештар аст. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, дар давоми сол 174 ҳодисаи худкушӣ ва 66 ҳодисаи сӯиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ҳодисаҳо 129 нафар ё 53, 7 фоиз мард ва 87 нафар ё 46,2 фоиз зан даст ба худкушӣ заданд. Тибқи маълумоти додситонии вилояти Суғд солҳои пеш бар асари хушунатҳои оилавӣ бештар занҳо даст ба худкушӣ мезаданд. Дар соли 2008 бошад баракси он мушоҳида гардид, яъне бештар мардҳо кӯшиши худкушӣ намуданд. Ҳодисаи худкушӣ дар вилояти Суғд дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа ҷой дорад ва мардум инро бештар аз мушкилоти иқтисодӣ ва нобасомониҳои зиндагӣ медонанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






