ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ДАР СОЛИ 2008

Январь 13, 2009 16:20

Душанбе,  13 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — «Вазорати тандурустӣ дар соли 2008 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, корҳои муайянеро амалӣ намуд», — қайд кард дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ, Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов. Тавре аз маркази матбуоти ин Вазорат  иттилоъ доданд,  дар ҷаласа  муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таълимӣ, тиббию профилактикӣ, роҳбарони  кумитаи иттифоқҳои касабаи муассисаҳои тандурустӣ, раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва сардухтурони  ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ    иштирок намуданд.Нусратулло Салимов оид ба фаъолияти Вазорати тандурустӣ дар соли 2008 ва вазифаҳои он дар соли 2009  баромад намуда қайд  кард, ки  дар доираи «Лоиҳаи мубориза бар зидди бемориҳои сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: марҳалаи 2», ки аз тарафи Бонки рушди Олмон дар ҳаҷми 4,6 млн. Евро маблағгузорӣ мегардад, корҳои сохтмонию таъмирӣ ва муҷҷаҳазгардонии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил босуръат идома дошта, мувофиқи Нақшаи амалисозии лоиҳа иншооти мазкур то охири соли 2010 ба истифода дода мешавад.Инчунин, лоиҳаҳои таҳия ва пешниҳод намудаи Вазорати тандурустӣ дар байни дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои ВИЧ/СПИД, вараҷа ва сил ба маблағи  92 миллион доллари амрикоӣ  дастгирӣ ёфт.  Аз ҷониби Бонки рушди Олмон ҷиҳати таъмиру барқарорсозии   таваллудхонаҳои 10 ноҳияи вилояти Хатлон дар давоми солҳои 2009-2010 ба маблағи 17,4 млн. Евро ҷудо мегардад. Дар баробари ин, дар соли ҳисоботӣ лоиҳаҳои  пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ба маблағи 4 млн. доллари амрикоӣ оид ба масъалаҳои ғизои модарону кўдакон аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва ба арзиши 1,3 млн. доллари амрикоӣ оид ба рушди потенсиали муассисаҳои тандурустӣ аз ҳисоби гранти Алянси глобалии эмгузаронӣ дастгирӣ ёфт. Инчунин, натиҷаҳои хуби Лоиҳаи тандурустии ҷомеавӣ ва заминавиро ба инобат гирифта Бонки Умумиҷаҳонӣ қарор қабул кард, ки иловатан боз 5 млн. доллари амрикоӣ ҷудо менамояд. 

Январь 13, 2009 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд