ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ВИЛОЯТ
Қӯрғонтеппа, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар маҷлиси фаъолони вилояти Хатлон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2008 ҷамъбаст ва вазифаҳои соли 2009 муайян карда шуданд. Дар ин бора раиси вилоят Ғайбулло Авзал маърӯза кард. Дар маърӯза гуфта мешавад, ки сокинони вилоят бо вуҷуди душвориҳои ғайримуқаррарии иқтисодӣ соли гузаштаро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Корхонаҳои саноатии вилоят соли 2008 ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ маҳсулот бароварданд, ки нисбат ба соли 2007- ум 7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Раиси вилоят фаъолияти корхонаҳоеро танқид кард, ки пешрафти соҳаро суст мегардонанд. Қайд карда шуд, ки соли гузашта дар миқёси вилоят 15 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуд ва дар натиҷа 800 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид. Раиси вилоят корхонаҳои «Бунафша» — и шаҳри Норак ва «Замин — Текстил» — и ноҳияи Фархорро дар ҷумлаи корхонаҳои қафомонда ном бурд. Дар маҷлис муовини сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова иштирок намуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






