ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ СОЛИ ГУЗАШТА
Қӯрғонтеппа, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Прокурори вилояти Хатлон Фозилҷон Охунов ба хабарнигорон гуфт, ки мақомоти муҳофизи қонуни вилоят дар давоми соли 2008- ум 2 тоннаю 213 килограм маводи нашъадорро мусодира намуданд. Вай зикр намуд, ки аз рӯи ҷиноятҳои вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ва истеъмоли он соли гузашта 215 парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Соли 2007 дар ин ҷо 1 тоннаю 755 килограм маводи нашъадор мусодира шуда буд. Ф.Охунов дар ин бобат фаъолияти самарабахши мақомоти муҳофизи қонуну тартиботро таъкид намуд. Прокурор ҳамзамон роҷеъ ба афзудани теъдоди ҷиноятҳои вобаста ба қаллобӣ изҳори ташвиш намуд. Қайд карда шуд, ки соли гузашта дар вилоят теъдоди ҳодисаҳои худкушии одамон то андозае кам шуд. Соли 2007 дар саросари вилоят 123 воқеаи худкушӣ ба қайд гирифта шуда буд, соли 2008- ум 120 нафар ба ҷони худ қасд намуд. Аз ин миқдор 25 воқеа бар асари бемориҳои руҳӣ рух дода, 40 воқеа ба муноқишаҳои оилавӣ вобаста мебошанд. Аз рӯи чунин воқеаҳо 9 парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






