ҶАМЪБАСТИ ПЕШАКИИ НАТИҶАҲОИ ОЛИМПИАДАИ ТАЛАБАГОН

Январь 10, 2009 13:18

            Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе натиҷаҳои пешакии олимпиадаи талабагони мактабҳои миёна ҷамъбаст карда шуд, ки  7-8 январ баргузор гардида буд. Мудири шӯъбаи раёсати маориф, котиби кумитаи тадорукоти олимпиада, Ҳанифа Сатторова ба АМИТ  «Ховар»  хабар  дод, ки олимпиада аз рӯи 18 фан гузаронида шуд. Дар он  талабагони мактабҳои рақамҳои  15, 77, 78, 88, 82, 21, гимназия- интернати тоҷикию русӣ, гимназияҳои  «Тиҷорат»,  «Душанбе»,  гимназияи иқтисодии шаҳрӣ  ва литсеи президентӣ натиҷаҳои беҳтарин ба даст оварданд. Аъзои  ҳайати доварон ҷавобҳои иштирокчиёни олимпиадаро ҳамаҷониба санҷида, ғолибонро муайян хоҳанд кард. 

Январь 10, 2009 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад