ҶАМЪБАСТИ СОЛОНАИ ДОНИШКАДАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶТ
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар Донишкадаи такмили ихтисоси вазорати адлияи ҷумҳурӣ аз рӯи ҷамъбасти фаъолияти кормандон дар соли 2008 ва нақшаҳо дар соли 2009 ҷамъомад баргузор гардид. Ректори донишкада Раҳмонқул Шарипов зимни суханрониаш изҳор дошт, ки дар давоми соли 2008 аҳли заҳмати муассиса чун субъекти таблиғоти сиёсати ҳуқуқии ҳукумати ҷумҳурӣ дар баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистон нақши муайян гузошт. Аз ҷумла, дар донишкада, дар давоми сол ба муносибати ҷашни 16-умин солгарди иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд ва 14- умин солгарди қабули Сарқонуни ҷумҳурӣ бо иштироки кормандон дастгоҳи иҷроияи президети мамлакат, масъулини вазорати адлия ва ҳуқуқшиносон конфронсҳои илмию назариявӣ, курсҳои зиёди такмили ихтисос ва семинар-машваратҳо гузаронида шуданд. Соли гузашта бо иштироки устодони донишкада, бо хадамоти ҳуқуқии корхонаю муассисаҳо дар вилояти Хатлону Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ беш аз 15 дарсҳои саёри такмили ихтисос ташкил карда, ба 100 нафар гувоҳномаи хаттии курси такмили ихтисос дода шуд. Бо кормандони раёсати корҳои ислоҳӣ, мақомоти ноториатии давлатии иҷрочиёни суд мунтазамкурсҳои кутоҳмуддат гузаронида мешавад. Бо мақсади табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ охири соли 2008 дар донишкада ҷаласаи нахустини машваратии ҳамкории ректорони донишкадаву марказҳои такмили ихтисоси вазорату идораҳои давлатӣ баргузор гардид. Дар охир кори ҷамъомад, нақшаи кори донишкада барои соли 2009 муайян гардид.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






