ҶИНОЯТКОРОН БА ҚАТЛ МАҲКУМ ШУДАНД
Пекин, 24 январ. (АМИТ «Ховар» — «Евронюс»). — Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳбари собиқи корпоратсияи «Санлу» ба ҳабси якумрӣ ва ду нафари дигар ба қатл маҳкум шуданд. Қабл аз ин 3 корманди роҳбарикунандаи ҳамин корпоратсия ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуд. Корпоратсияи мазкур навъҳои гуногуни озуқавории ширӣ истеҳсол менамуд, ки ба он моддаи химиявии меламин ҳамроҳ карда мешуд. Моддаи химиявии мазкур соли гузашта сабаби ҳалокати шаш кӯдак ва бемор гаштани 300 ҳазор писару духтар дар муассисаҳои бачагона гардид. Дар назди бинои суди шаҳри Шитсячжуан падару модарони бачагони вафоткарда ҷамъ омада, талаб намуданд, ки ҷинояткорон ҷазо дода, марги фарзандонашон ҷуброн карда шавад. Тавре хабар дода шуда буд, муноқишаи шири заҳрноки корхонаҳои Чин моҳи сентябри соли гузашта оғоз ёфт. Мақомоти дахлдори мамлакат фаъолияти корхонаҳои озуқавориро тафтиш карда, маҳсулоти онҳоро мусодира намуданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






