ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ЗИЁД МЕГАРДАНД
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҷаласаи васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ Сарвари давлат бобати зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ супоришҳои қатъӣ дод. Барои амалӣ шудани супориш ва дастурҳои нави Сарвари давлат аз тарафи мақомоти иҷрояи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод нақша -чорабиниҳо тартиб дода шуд,- иброз дошт раиси ноҳия Махсум Фозилов. Тибқи нақша дар соли 2009 аз ҳисоби ҷалб намудан ба корҳои сохтмонӣ беш аз 2 ҳазор сокинони ноҳия бо кор таъмин мегарданд. Соли 2009 сохтмони кӯпруки Тоҷикобод-Нимич давом дода мешавад. Бо ин мақсад аллакай 14 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст. Сохтмони кӯпруки Янғолик, ки барои рафтуомади сокинони ноҳияҳои Тоҷикобод-Чиргатол, Тоҷикобод-Рашт пешбинӣ шудааст, ҳамин сол оғоз меёбад. Ба ин иншоот дар навбати аввал муҳоҷирони меҳнатӣ, ки шумораи онҳо беш аз 3,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ҷалб карда мешаванд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






