ҶОПОН ҶИҲАТИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН КУМАК МЕКУНАД

Январь 21, 2009 11:36

                Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки ба Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ба маблағи тақрибан 88 ҳазор доллари ИМА кӯмаки ройгон кунад.                Чуноне, ки дар Пажӯҳишгоҳи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар назар аст, ки дар ин бора директори Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон Раҳим Масов ва кордори Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Ёшихиро Накаяма қарордод ба имзо расонанд.                Ёдовар шудан ба маврид аст, ки чанд сол пеш Ҳукумати Ҷопон барои ҳифзи ёдгориҳои таърихии Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон 460 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намуда буд.

Январь 21, 2009 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад