ӮЗБЕКИСТОН ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ БАРҚИ ТУРКМАНИСТОНРО БА ҶТ ҚАТЪ НАМУД
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Ӯзбекистон интиқоли қувваи барқро аз Туркманистон ба воситаи қаламрави худ ба Тоҷикистон аз 1 январи соли 2009 қатъ намуд. Сабаби ин иқдом то ҳол имзо накардани қарордоди транзити қувваи барқи Туркманистон бо Ӯзбекистон мебошад. Аз Ҷамъияти саҳомии «Барқи тоҷик» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки роҳбарияти ширкат рӯзҳои наздик барои имзои қарордод ба Ӯзбекстон хоҳад рафт. Тибқи нақша, Тоҷикистон имсол аз Туркманистон 800 миллион киловатт — соат қувваи барқ мегирад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






