17 АВГУСТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ШАx
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти кумита ва муассисаҳои тобеи он дар соли 2008 ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2009 муайян карда шуданд. Зикр шуд, ки соли гузашта дар саросари мамлакат бештар аз 2,5 ҳазор воқеаи ғайричашмдошт ва фалокатҳои гуногун рух дод, ки аз ин ҷумла, 117 — тои он хусусияти табиӣ дорад. Соли гузашта дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ 18 нафар ҳалок шуд. Ба зарардидагон ба маблағи 159,5 ҳазор сомонӣ кӯмаки моддӣ расонда шуд. Зарари умумии фалокатҳои табиӣ бештар аз 93 миллион сомониро ташкил дод. Соли 2008 барои иштироки аҳолӣ дар тадбирҳои мудофиаи шаҳрвандӣ бештар аз 1000 машғулият гузаронида шуд. Дар нишасти матбуотӣ хабар дода шуд, ки мувофиқи Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 17 август Рӯзи кормандони соҳаи вазъияти фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ муқаррар карда шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






