262508 СОМОНИ ҶАРИМА БАРОИ ҶАМЪОВАРИИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШИРАИ КАМОЛ
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, бахусус дар Иҷлосияи 63 -уми Маҷмаи кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар мавзӯи «Об ва санитария барои ҳама» аз сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар лоиҳаи нави «Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2009-2019» ва «Консепсияи ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намудааст. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Хурсандқул Зикиров дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» фаъолияти кумитаро дар соли 2008 шарҳ дода, зикр намуд, ки дар давоми соли гузашта 18332 адад санҷиши комплексӣ ва фаврӣ гузаронида, нисбат ба қонунвайронкунандагон 29550 пешниҳоди иҷроишашон ҳатмӣ дода шуд, ки 67 фоиз иҷро гардид. Ба маблағи 3541 ҳазор сомонӣ пардохти ҳатмии экологӣ, ҷарима ва зарар ситонида шуда, аз он 2,7 миллион сомониаш ба буҷаи ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Бояд тазаккур дод, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2008 «Дар бораи қатьиян мань кардани ҷамъоварӣ ва содироти шираи камол» яке аз масьалаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад. Бо вуҷуди ин, дар 12 ноҳияҳое, ки ин растанӣ мерӯяд, 55- нуқтаи қонуншиканӣ муайян карда шуда, ҳаҷми ҷарима ба шахсони воқеӣ ва зарари ба табиат расонида шуда ба миқдори 262508 сомонӣ муайян ва 147 ҳазор сомониаш ситонида шуд. Хурсандқул Зикиров афзуд, ки Кумита тасмим гирифта аст, ки дар соли 2009 пеши роҳи ин амали номатлуб дар қаламрави ҷумҳурӣ комилан гирифта шуда, кишти онро ривоҷ диҳад. Бо ин мақсад, баҳору тирамоҳи соли 2009 кишти онро дар ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Фархор, Панҷ, Бохтар, Ҷалолиддини Румӣ, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода ва Хуросон дар майдони 2000 гектар анҷом диҳад. Дар давоми соли 2008 кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар майдони 1025 гектар корҳои ҷангалбунёдкунӣ ва 700 гектар таъмир ва барқароркунии ҷангалзорҳоро aнҷом дода, зиёда аз 24 тонна тухмиҳои гунонунро дар масоҳати 39 гектар аз нав кишт намуданд. Ҳоло дар хоҷагиҳо ва минтақаҳои ниҳолпарварӣ зиёда аз 4 миллион ниҳол парвариш ёфта, 1,6 миллион ниҳол барои шинондан тайёр мебошад. Илова ба хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, дар хоҷагиҳои ҷангал дар масоҳати 26 гектар ниҳолхонаҳои хурд ташкил карда шуд. Маврид ба зикр аст, ки тайи 10 соли охир аввалин маротиба кишти 600 гектар тухмии арчаи зарафшонӣ дар масоҳати 0,8 га aнҷом дода шуда, 2 тонна тухми саксаул дар асоси шартномаи тарафайн бо Ҷумҳурии Қирғизистон барои бо тухми дарахтони сӯзанбарг иваз намудан, тайёр карда шуд. Инчунин, тирамоҳи соли гузашта дар минтақаи Сайёди ноҳияи Данғара корҳои ҷангалбунёдкунӣ дар масоҳати 500 гектар ба охир расонида шуда, дар моҳҳои январ — феврал бунёди боғот ва ҷангалзор дар мавзеи ду шафати роҳи Душанбе — ¬Данғара, аз маҳаллаи Қаратош то нақби Шаршар ба нақша гирифта шудааст. Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати иҷрои Қарори Созмони Миллали Муттаҳид бахшида ба Даҳсолаи Байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт», барои солҳои 2005-2015, ки аз пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибтидо мегирад, дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 972 километр соҳили дарёҳо ва каналҳоро аз партовҳо тоза карда, аз хати муҳофизатии дарёи Варзоб ва канали дериватсионӣ зиёда аз 25 манбаъҳои ифлоскунандаи обро бартараф намуд. Маркази назорати таҳлилии Кумита 412 намунаи об, 208 намунаи хоки замини корам, 600 манбаи ғализкунандаи ҳавои атмосфераро ташхис намуда, дар 45 субъекти хоҷагидорӣ аз меъёр зиёд ба муҳит партофтани моддаҳои зарарнокро ба қайд гирифт. Натиҷаҳои ташхиси лабораторӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки самаранокии фаъолияти иншооти обпартовтозакунии ноҳияҳои Ваҳдату Рӯдакӣ ва шаҳри Қурғонтеппа ташвишовар буда, солҳои тӯлонӣ аз ҷониби мақомоти марбутаи шаҳри Қурғонтеппаю ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат ҷиҳати ба кор омода намудани иншооти обтозакунӣ тадбирҳои судманд андешида намешавад. Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати пешрафти кори соҳа аз тарафи Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ 13 стансия, 9 дидбонгоҳи обченкунӣ дар 9 ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ бо таҷҳизот, лавозимоти обуҳавосанҷӣ ва барфченкунӣ таъмин карда шуд. «Дар самти муомилот бо партовҳо камбудиҳои хеле ҷиддӣ ҷой доранд. Дар ВМКБ тамоми партовгоҳҳо ғайрирасмӣ фаъолият намуда, дар вилояти Суғд 8 партовгоҳ бе иҷозатномаи муомилот бо партовҳои хатарнок фаъолият мекунанд», — тазаккур дод Хурсандқул Зикиров ва зикр кард, ки муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо мақсади ҳифзу нигаҳдорӣ, барқароркунии захираҳои табиӣ ва баҳри иҷрои «Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2005-¬2015» сарчашмаҳои ба обтаъминкунандаи кӯлҳои мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон», ки аз сабаби солҳои зиёд тоза карда нашуданашон хушк шуда буданд, бо истифода аз воситаҳои дохилӣ ва лоиҳаҳои грантӣ аз нав барқарор карда шуданд, ки дар натиҷа сатҳи оби кӯлҳои калони мамнӯъгоҳ баланд гардида, вазъи экологии онҳо мӯътадил шуд ва хавфи нобудшавии захираи моҳиҳои нодир бартараф гардид.