А. ҒОИБНАЗАРОВ: «ҲИМОЯИ ҲУҚУҚУ МАНФИАТҲОИ ДАВЛАТ МУҚАДДАС

Январь 22, 2009 14:29

                   Душанбе, 22 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар давраи ҳисоботӣ дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 402 парванда баррасӣ карда шуд», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Раиси Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ Амирхоҷа Ғоибназаров 22 январ. Аз ҷумла, 140 парванда дар марҳалаи аввал, 96 парванда дар марҳалаи шикоятӣ, 141 парванда дар марҳалаи касатсионӣ, 23 парванда дар Раёсат ва 2 парванда дар Пленуми Суди Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Инчунин, дар ин давра 190 адад арзу шикоятҳо муҳокима гардиданд.                  Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои дар Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2008 муҳокимашуда, ба фоидаи даъвогарон 5 миллиону 931 ҳазору 65 сомонӣ, 108 ҳазору 879 евро ва 22 ҳазору 923 доллари амрикоӣ рӯёнида шуда, аз ин ҳисоб ҳамчун боҷи давлатӣ ба ба буҷа 533 ҳазору 46 сомонӣ гузаронида шуд.                 Инчунин, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор парвандаҳоро вобаста ба баргардонидани қарзи андоз баррасӣ намуда, ба мабалағи 3 миллиону 389 ҳазору 209 сомонӣ талаботи даъворо қонеъ намудааст.

Январь 22, 2009 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад