АҲАМИЯТИ ИХТИРООТИ ОЛИМ

Январь 14, 2009 11:00

          Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Олег Соболев).- Фулузоти махлути ихтироънамудаи олими маъруф, академик Иззатулло Ғаниев айни ҳол барои дароз кардани мӯҳлати хизмати агрегатҳои  яке аз нерӯгоҳҳои   кӯҳнатарини Тоҷикистон — нерӯгоҳи барқи обии «Варзоб- 3» истифода бурда мешаванд. Соли гузашта дар ҳамин нерӯгоҳ анодҳои дар асоси ихтирооти олим сохташуда барои ҳимояи қисмҳо ва таҷҳизот аз таъсири зангзанӣ ҳамчун  таҷриба мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, фоидаи иқтисодии  он дар як сол 6 ҳазор доллари ИМА — ро ташкил дода, хароҷоти он дар давоми 4 моҳ бароварда мешавад.           Иззатулло Ғаниев ҳамроҳи шогирдонаш ҳоло дар озмоишгоҳи  фулузоти омехтаи Пажӯҳишгоҳи химияи Академияи илмҳо дар доираи барномаи стратегияи умумӣ дар соҳаи илму техника тадқиқот мебарад. Барномаи мазкур аз соли 2008 то соли 2015 иҷро карда мешавад.           Қайд кардан лозим аст, ки дар шароити имрӯза бисёр соҳаҳои истеҳсолот дар натиҷаи занг задании таҷҳизоту маснуот зарари калон мебинанд. Яке аз усулҳои мубориза ба муқобили занг задани маснуот истифодаи махлутҳои гуногуни дорои алюминий ва моддаҳои дигари химиявӣ мебошад. Фулузоти мазкур қисмҳо ва таҷҳизотро аз задани занг  муҳофизат карда, мӯҳлати истифодаи онҳоро дарозтар мегардонанд. Дар бораи аҳамияти калони ихтирооти олим ҳамин далел шаҳодат медиҳад, ки фулузоти омехтаи ихтироънамудаи ӯ дар муҳофизати гидроузелҳои Маркази омодагии  кайҳоннавардони Федератсияи Русия бомуваффақият истифода бурда шудааст.

Январь 14, 2009 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд