АГЕНТӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВИРО ОШКОР НАМУД

Январь 19, 2009 09:11

          Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти корманди шӯбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Точикистон Файзалӣ Қосимов, фаъолияти агентии мазкур, тибқи талаботи меъёрҳои қонун амалӣ гардида, дар давоми соли 2008 беш аз 960 тафтишу санҷишҳои молиявиро дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоти буҷетӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидории давлатӣ гузаронид. Дар натиҷаи ин санҷишу тафтишот маблағи беш аз 90 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор сохт. Аз маблағи зарари ошкоргардида  12 млн. сомонӣ хароҷоти ғайриқонунӣ, 25 млн. сомонӣ маблағи рӯйпӯш намудаи андозҳо ва 32 млн. сомонӣ талафи воситаҳои пулию молиро ташкил дод. Дар асоси нақша-чорабиниҳои махсус баҳри пешгирӣ ва мубориза  бо коррупсия, соли 2009  Агентӣ фаъолияти худро боз ҳам беҳтар  ба роҳ монданист.

Январь 19, 2009 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад