АМОНАТҲОИ «ОРИЁНБОНК» ҚАРИБ 675 МИЛЛИОН СОМОНИРО ТАШКИЛ ДОДАНД
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар ҶСК «Ориёнбонк» натиҷаҳои фаъолияти молиявии филиалҳо ва тамоми зерсохтори бонк дар соли 2008 ҷамъбаст карда шуда, самтҳои асосии рушд барои соли ҷорӣ муайян карда шуданд. Дар ҷаласа раиси раёсати ҶСК "Ориёнбонк" Ҳасан Асадуллозода қайд намуд, ки стратегияи бонк дар соли 2008 бештар вусъатдиҳии барномаҳои қарздиҳии бизнеси хурд ва аҳолӣ дар ҷумҳурӣ гардида буд. Дар Тоҷикистон бизнеси бонкӣ барои тараққиёт имконияти кофӣ дорад, аммо алҳол танҳо қисми на он қадар зиёди аҳолӣ аз хизматрасониҳои бонкӣ истифода менамояд. Зарур аст, ки мавҷудияти хизматрасонии бонкӣ дар маҳалҳо, бошиддат намудани фаъолияте, ки баҳри маърифатнок намудани аҳолӣ ва баланд гардонидани саводи молиявии шаҳрвандони ҷумҳурӣ равона карда мешавад, васеъ гардонида шавад. Бо мақсади иҷро намудани нишондиҳандаҳои молиявии барои семоҳаи I-уми соли 2009 пешбинишуда, ба тамоми низоми ҶСК "Ориёнбонк" супориш дода шуд, ки баҳри муваффақ гардидан ба хароҷоти камтарин, мукаммал ва васеъ намудани сифати хизматрасониҳо бо назардошти талаботи мизоҷони бонк, ҷоннок намудани таблиғоту ташвиқот дар роҳи баланд бардоштан ва зиёд намудани шумораи мизоҷони бонк, вусъат додан ва пешниҳод намудани намудҳои нави хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ, корро фаъол намоянд. Ҳамчунин, қайд гардид, ки ба якуми январи соли 2009 — ум даромадҳои ҶСК «Ориёнбонк» 19,7 фоиз афзун гардида, 196 миллиону 583 ҳазору 714 сомониро ташкил намуданд. Активҳои бонк 1 099 272 341 сомонӣ ва бузургии сандуқи қарзӣ то 45 фоиз афзуда, ба 753 миллиону 823 ҳазору 621 сомонӣ расиданд. Амонатҳо бошанд дар ин давра ба 674 миллиону 648 ҳазору 839 сомонӣ расиданд. Аз рӯи натиҷаҳои соли ҳисоботӣ, фоидаи соф 8 миллиону 941 ҳазору 919 сомониро ташкил намуд, ки ин 57 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст. Сабаби паст гардидани ин нишондиҳанда кам шудани воридшавии воситаҳои пулӣ дар нимаи дуюми соли ҳисоботӣ, дар натиҷаи таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба бозоргирии субъектҳои хоҷагидорӣ мебошад. Қайд бояд кард, ки дар соли 2008 тавассути ҶСК "Ориёнбонк" аз хориҷи ҷумҳурӣ 566 миллиону 717 ҳазору 343 доллари ИМА маблағ интиқол шудааст, ки он ба 107,19 фоизи нақшаи солона (528 700 000 доллари ИМА) баробар мебошад. Нисбати ҳамин давраи соли 2007 он ба маблағи 188 миллиону 114 ҳазору 935 доллари ИМА ё ин ки 1,5 маротиба зиёд аст.