«АМОНАТБОНК» ПАХТАКОРОНРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД

Январь 26, 2009 14:20

                 Душанбе, 26 январ.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба суханони раиси «Амонатбонк» Мамадамин Мамадаминов, соли 2008 аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути «Амонатбонк» барои рушди соҳаи кишоварзӣ беш аз 40 млн.сомонӣ ҷудо гардид.                 «Амонатбонк» тавассути шӯъбаҳои худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 584 хоҷагиҳои пахтакори вилоятҳои Хатлону Суғд маблағи аз Вазорати молия ҷудошударо тақсим намуд.                «Амонатбонк» аз ҳисоби захираҳои худ дар соли 2008 ҳамагӣ 9,4 млн. сомонӣ барои рушди соҳаи пахтакорӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ(фермерӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддатро пешниҳод намуд, ки ин дар муқоиса бо банкҳои дигар хеле кам аст.                 Тибки маълумоти ҳамин манбаъ, дар сурати сари вақт баргардонидани қарзҳои гирфташда, соли 2009 «Амонатбонк» ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ноҳияҳои пахтакор ҳамкории бештари судмандро ба роҳ мемонад.

Январь 26, 2009 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад