АНДОЗРО БОЯД СУПУРД
Восеъ, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – Ҷонишини сардори нозироти андози ноҳияи Восеъ Ҷомӣ Латифов аз рафти ҷамъоварии андоз дар ноҳия иттилоъ дод ва афзуд, ки нақшаи андоз то ин ҷониб ба 9 миллиону 507 ҳазору 712 сомонӣ расидааст, ки 103 фоизро ташкил медиҳад. Аммо ба гуфти Латифов аз 18 намуди андоз, андози ягона ва андози боҷи давлатӣ иҷро нагардидааст. Сабаби иҷро нагардидани ду навъи андоз — ин паст гардидани нархи пахта ва зиёд гардидани қарз аз бонкҳо мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия аз пардохти андоз, ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳо то 1 – уми январ 2840072 сомонӣ қарздор мебошанд, ки ин боиси иҷро нагардидани нақша мегардад. Мувофиқи маълумоти зикргардида қарзҳои калонтарин аз тарафи идораи давлатии обёрии мошинӣ — 392792 сомонӣ, Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Восеъ» — 60000 сомонӣ, хоҷагии қишлоқ — 1 миллиону 816 ҳазору 156 сомонӣ, хоҷагиҳои «Хоҷасартез» — 122320 сомонӣ, «Ҳулбук» — 115, 819 сомонӣ, «Эмоми Алӣ» — 105 488 сомонӣ, «Сино» — 190 661 сомонӣ, хоҷагии «Хоҷамӯъмин» — 144 824 сомонӣ ва ғайраҳо ба қайд гирифта шудааст. То ин ҷониб нозироти андози ноҳия нисбати 61 корхонаю муассиса ва одамони алоҳида санад тартиб дода, аз онҳо ба маблағи 7545 сомонӣ ҷарима ситонида шуд — гуфт Ҷомӣ Латифов.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






