АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ

Январь 13, 2009 16:13

Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия Эшонқулова). — Тӯли соли 2008 муассисаҳои нашриявии «Адиб», «Ирфон», «Маориф ва фарҳанг», ҶСШК «Матбуот» ва СИЭМТ 219 номгӯи китобҳоро бо теъдоди 830450 нусха чоп намуда, ба фурӯш бароварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шӯъбаи  табъу нашри Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд. Бинобар иттилои шӯъбаи мазкур  тариқи нашриёти «Адиб» 82 номгӯй китоб бо теъдоди 95350 нусха,  тариқи нашриёти «Ирфон» 27 номгӯй бо теъдоди 58000 нусха,  нашриёти «Маориф ва фарҳанг» — 90 номгӯй бо теъдоди 243000 нусха, ҶС «Матбуот»- 16 номгӯй бо теъдоди 429500 ва 4 номгӯй бо теъдоди 4600 нусха аз тариқи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ба табь расидаанд.Нашриёти «Адиб» дар давоми соли гузашта бештар  аз 40 асарҳои бадеӣ, илмӣ ва таърихиро, аз ҷумла ҷилдҳои 3,4,5,6- и «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ, «Ҳудуд-ул-олам», «Паямбари ишқ»-и А. Сайфуллоев, «Одамушшуарро Рӯдакӣ»- и А. Афсаҳзод, «Дидор»- и Ато Ҳамдам  ва ғайраҳоро дастраси хонандагон гардонд. Инчунин бо маблағҳои худи нашриёт 12 асарҳои гуногун рӯи чопро диданд.Нашриёти «Ирфон» асарҳои таърихии Президенти ҶТ «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» (ҷилди 7) ва «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» ( бо ҳуруфоти ниёгон), китоби мусаввари «Рӯдакӣ» ва «Ашъори Рӯдакӣ» — ро ба се забон ба чоп расонид. Нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ва ҶСШК «Матбуот» бештар китобу дартурҳои таълимӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва адабиёти бадеӣ барои хурдсолон ва ҷавонон бо сифати хуб ва ороиши ҷолибро пешкаши хонандагон намуд

Январь 13, 2009 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад