АЗИМӢ: САБАБИ САДАМА -БАРХӮРДИ ЧАРХБОЛ БО ЯК ТЕППА
Афғонистон, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Илҳом Нарзиев).- Ҷасадҳои кормандони бригадаи 207 ва 12 афсари дигар ба Кобул интиқол дода шуд. Генерал-майор Фозил Аҳмад Сайёр, қумандони бригадаи 207, бо ҳамроҳонаш рӯзи панҷшанбеи гузашта дар як садамаи ҳавоӣ дар ноҳияи Адраскони вилояти Ҳирот ҳалок гардиданд. Генерал Зухайд Азимӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон ба телевизиони миллии Афғониcтон (RTA) мегӯяд, генерал Сайёр барои анҷоми як сафари хидматӣ озими вилояти Фароҳ буд, ки ҳавопаймои вай дар ноҳияи Адраскани вилояти Ҳирот аз сабаби бад будани ҳаво дучори садама шудааст ва дар минтақаи Гулдорӣ сарнагун гардид. Генерал Азимӣ мегӯяд, сабаби ба садама бархӯрдани чархбол бо як теппа мебошад ва иллати техникӣ надорад. Вай ҳамчунон иддаи толибонро оиди сарнагун сохтани чархбол рад кард. Афсарон рӯзи шанбе дар маросими махсуси низомӣ ба хок супорида шудаанд. Сухангӯи вазорати дифоъ ҳамчунон изҳор дошт, ки ҷубронпули ҳалокшудагон то муддати муайян барои хонаводаҳояшон дода мешавад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






