БА 62 РОҲБАР ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ ПЕШКАШ ГАРДИД

Январь 20, 2009 16:14

                 Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми соли 2008 Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 2 097 корхона ва 17 032 иншоотро ба қайд гирифтааст, ки қариб ҳамаи онҳо ба гурӯҳи иншооти истеҳсолии хатарнок мансуб мебошанд. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 20 январ, роҳбари ин Саридора М. Ҷумъаев ба хабанигорон гуфт. Ӯ афзуд, ки дар ин давра аз тарафи 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон назоратҳои ташхисӣ гузаронида шуда, дар натиҷа ҷиҳати ба талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ҷавобгӯй набудани фаъолият, барои надидани чораҳои лозимӣ оид ба пешгирии ҳодисаҳои нохуш ба 62 роҳбарони корхонаҳо амрнома оид ба қатъ гардонидани фаъолият пешкаш гардид. Аз ҷумла, дар шаҳри Исфара ба ҶСШК «Ангишт» ва дар шаҳри Душанбе ба сехи васлкунӣ ва ташхиси таҷхизоти газу балонии ЧДММ «Ангора».                Инчунин, дар рафти санҷишҳои техникӣ 71 нафар шахсони мансабдори корхонаҳо барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. 

Январь 20, 2009 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад