БА ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ЯК ШАБОНАРӮЗ 15 СОАТ БАРҚ ДОДА МЕШАВАД

Январь 27, 2009 16:41

                  Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Имруз дар нашрияи «Шарқи озод» вобаста бо вазъияти имрузаи таъминот бо неруи барқ конфронс баргузор шуд. Дар он котиби матбуоти ширкати холдингии «Барқи Тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма ҷавоб дод. Тавре ӯ иттилоъ медиҳад, ба шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз 15 соат барқ дода мешавад. Ҳамин тариқ дар Душанбе шабона аз соати 23:00 то соати 05:00 субҳ интиқоли нерӯи барқ қатъ карда мешавад. Аз руи лимит интиқол додани барқ дар пойтахт ба иншоотҳои дорои аҳамияти муҳими ҳаётӣ, ба беморхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ дахл надорад.                  Роҳбарияти ширкати «Барқи Тоҷик» шабакаҳои барқии пойтахтро вазифадор кардааст, ки хонаҳои баландошёна, ки имруз барқ ба асоси пешбурди рузгори онҳо табдил ёфтааст, ҳаддалимкон ба барқ таъмин карда шаванд. Имруз кормандони системаи энергетика диққати асосиро ба он равона менамоянд, ки ҳарчи бештар аҳолӣ бо барқ таъмин бошад, гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Январь 27, 2009 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад