БАХШИДА БА 100 СОЛАГИИ НАХУСТИН ГЕНЕРАЛИ ТОҶИК МАСТИБЕК ТОШМУҲАММАДОВ
Хоруғ, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Бахшида ба 100 солагии нахустин генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммадов дар мактаби рақами 1-и деҳаи Поршнев, ки номи ин абармардро дорад, вохӯрии наслҳо баргузор гардид. Дар набардҳои Ҷанги Бузургм Ватанӣ ҳазорон нафар аз ҳамватанони мо иштирок карда, барои озодии Ватан ҷонбозиҳо намуданд. Аммо бештари фарзандони тоҷик ба ҳайси сарбозон аз ватан дифоъ карда буданд. Мастибек Тошмуҳаммадов бо рутбаи майор дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ ба сифати муовини фармондеҳ оид ба корҳои сиёсӣ адои вазифа намудааст. Дар чунин якдавраи тақдирсоз ва ҳассос на ба ҳар шахс чунин боварию эътимод зоҳир мекарданд. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон Мастибек Тошмуҳаммадов ҳастии худро ба тарбияи ҳарбию ватандӯстии насли наврас бахшид ва чун нахустин генерали тоҷик дар миёни ҳамватанон обрӯю эҳтироми зиёде дошт. Дар вохӯрие, ки дар мактаби деҳаи Қушки ҷомати Поршнев баргузор гардид, раиси ноҳия Шамсиддин Орумбеков, дӯстону пайвандон ва шогирдони Мастибек Тошмуҳаммадов ширкат варзиданд. Онҳо аз ҳаёти рангини ин абармарди зиндаёд сухан гуфтанду наврасону ҷавононро ҳидоят намуданд, ки дар ватандӯстиву ватанпарварӣ, нангу номус ба хотири дифои Ватан дар ҷодаи нахустгенерали тоҷик гом ниҳанд.








Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд






