БАРҚАРОРСОЗИ ШЎЪБАИ КЎДАКОНАИ БЕМОРХОНАИ ҶУМҲУРИЯВИИ БЕМОРИҲОИ СИЛИ «МАЧИТОН

Январь 22, 2009 09:34

                  Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар асоси супориши Президенти мамлакат аз 17 апрели соли равон ҳангоми мавриди истифода қарор додани қисмати дуввуми Хона-интернати кўдакони ноқисулақли «Чорбоғ» доир ба таъмини шароити муносиб барои барқарорсозии саломатии кўдакони маъюб роҳбарияти Вазорати тандурустӣ бо истифода аз бинои сеошёнае, ки то аввали солҳои навадум дар он Шўъбаи кўдаконаи Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сили «Мачитон» фаъолият мекард қарор намуд, ки Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кўдаконро созмон диҳад.                  Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, ки дар бинои мазкур аз соли 1965 то соли 1992 бо иқтидори 110 кат шўъбаи бемориҳои сили кўдакона фаъолият дошт.                  Дар ин асос, бо истифода аз маблағи буҷетӣ, дастгирии молиявии созмонҳои байналмиллалӣ ва саҳмгузории бевоситаи шахсони алоҳида, ҷамъ ба маблағи умумии бештар аз 3.5 млн сомонӣ дар муддати камтар аз ним сол дар сатҳи ниҳоят муносиб ин марказ созмон дода шуд.                 Мақсад аз созмон додани Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кўдакон, амалӣ намудани ҳуқуқҳои кўдакони маъюби гирифтори бемориҳои асаб ва ортопедӣ, дил ва рагҳо ба дастрас намудани кўмаки реабилитатсионии тиббӣ тавассути намудҳои муосири ислоҳи тиббӣ ва ҷисмонӣ, табобати меҳнатӣ бо мақсади баргаштан ба ҷомеа мебошад. Дар айни ҳол Марказ дорои 2 шўъба (пулмонологӣ ва ортопедо-неврологӣ) буда, ба 69.5 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.                 Маркази номбурда барои гузаронидани реабилитатсияи тиббии кўдакон бо бемориҳои узвҳои такягоҳӣ — ҳаракатӣ, дилу рагҳо ва системаи асаб пешбинӣ шудааст.                Чунин муассисаи махсусгардонидашуда бори аввал дар ҷумҳурӣ кушода мешавад ва ягона муассисаи тиббиест, ки ба кўдакони гирифтори бемориҳои ортопедию неврологӣ ва кардиопулмонологӣ аз гўшаҳои гуногуни мамлакат имконияти гузаштани муолиҷаи барқарорсозиро пайдо менамояд.

Январь 22, 2009 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд