БАРНОМАИ ПАСТ КАРДАНИ САТҲИ КАМБИЗОАТИИ БМИМТ ИДОМА МЕЁБАД

Январь 22, 2009 14:24

               Душанбе, 22 январ, (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) барномаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатиро дар Тоҷикистон идома медиҳад. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 22 январ, директори Бунёди мазкур Саидаҳмад Мирзоев ба доираи васеи хабарнигорон иттилоъ дод.                 Ӯ афзуд, ки дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон ва мутобиқи шартномаи ба имзорасида миёни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Бонки рушди Олмон барномаи «Фондҳо барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва инфраструктураи ҷамоавӣ» амалӣ шуда, он 14 ноҳияи қисмати ғарбии вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Ҷилликӯл, Қубодиён, Хуросон, ба номи Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир, Носири Хусрав, Панҷ, Шаҳритус, Вахш, Ёвон ва шаҳрҳои Нораку Сарбандро дар бар мегирад.               Арзиши умумии барнома ба 6,72 миллион евро баробар буд, ки аз ин 5,4 миллион евро саҳми ҷониби Олмон, 1, 02 миллион евро саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 0,3 миллион евро саҳми ҷамоаҳоро ташкил медод. «Дар охири соли 2008 Бонки рушди Олмон ба мо иттилоъ дод, ки бо мақсади иҷрои пурраи ин Барнома Ҳукумати Олмон боз 5,6 миллион еврои дигар ҷудо намуд. Акнун маблағи умумии барнома ба 13 миллион евро баробар шуд, ки аз ин 11 миллионаш саҳми Ҳукумати Олмон, 1 миллион 948 ҳазор евро саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боқимонда саҳми аҳолӣ аст, ки он метавонад ба тариқи нақдина ва ё қувваи корӣ пардохт шавад», — гуфт дар хотима С. Мирзоев.  

Январь 22, 2009 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад