БАРОИ БАРҚАРОР СОХТАНИ ВОҲАИ ҒАЗЗАҲ МАБЛАҒИ КАЛОН ЛОЗИМ АСТ

Январь 22, 2009 14:33

                Ғаззаҳ, 22 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Тавре хабар дода шуд, Исроил дирӯз тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва техникаи низомии худро аз ҳудуди воҳаи Ғаззаҳ баровард. Акнун сокинони воҳа ба маҳалли истиқоматашон бармегарданд.                Хабар дода мешавад, ки дар давоми амалиёти ҳарбии Исроил маҳалҳои истиқоматӣ, биноҳо ва корхонаю муассисаҳо харобу валангор карда шуданд. Дар давоми ду ҳафтаи амалиёти ҳарбӣ дар воҳаи Ғаззаҳ ҳамагӣ 13 аскари исроилӣ ҳалок шуд.               Дар натиҷаи амалиёт 50 ҳазор сокини маҳаллӣ бесарпаноҳ монд. Инчунин бештар аз 1300 фаластинӣ кушта шуд, ки қисми зиёди онҳо силоҳбадастони «Ҳамос» нестанд. Аз рӯи ҳисобҳои пешакии коршиносон барои барқарор сохтани ҳаёти мӯътадил дар воҳаи Ғаззаҳ камаш ду миллиард доллар зарур аст. Қайд карда мешавад, ки барои барқарор сохтани нерӯгоҳҳои барқӣ, шабакаҳои обрасонӣ, мактабҳо ва шифохонаҳо вақти тӯлонӣ сарф мешавад. Ин ҳам дар мавриде имконпазир хоҳад гашт, ки агар Исроил ба вуруди мошинҳои боркаш ба воҳаи Ғаззаҳ иҷозат диҳад. Ҳоло рафту омади нақлиёт ба ин минтақа манъ карда шудааст.              Дар Исроил воқеаҳои истифодаи бомбаҳои фосфорӣ дар воҳаи Ғаззаҳ тафтиш карда мешаванд. Хонаҳои сӯхтаю хокистаргашта ва хусусияти хоси ҷароҳати маҷрӯҳон шаҳодат медиҳанд, ки низомиёни Исроил дар ин ҷо аз бомбаҳои фосфорӣ истифода бурдаанд. Агар ин масъала исбот шавад, ба амалиёти ҳарбии Исроил аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналхалқӣ баҳо дода хоҳад шуд.                                                                                                                                                    Тарҷумон — Қудратов А. 

Январь 22, 2009 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад