БОНКИ МИЛЛӢ ҚУРБИ ДОЛЛАРРО ПОЁН МЕБАРАД?

Январь 10, 2009 12:18

Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Имрӯз бо сабабҳои зиёде болоравии қиммати доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор дида мешавад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар ҷаласаи мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иброз дошт, ки болоравии қурби доллар боиси нигаронии Бонки миллӣ шуда, ин бонк дар паи андешидани тадбир аст. Ш. Раҳимзода афзуд, ки сабаби болоравии қурби доллари ИМА дар ҷумҳурии мо ин таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ мебошад. Воридоти асъори хориҷӣ аз фурӯши маҳсулоти содиротии мо дар моҳи ноябр — декабри соли 2008 поён рафт, фақат бо сабаби ба фурӯш нарафтани пахтаю алюминий 102 миллион доллар нисбати соли гузашта кам ворид гардид. Инчунин мисли ҳарсола дар охири сол шаҳрвандони мо, ки дар хориҷа кор мекунанд, бар мегарданд ва воридоти асъори хориҷӣ кам мешавад. Аз тарафи дигар таъсири бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба воридоти маҳсулот дертар ҳис мешавад, чунки он тоҷироне, ки имрӯз бо хориҷиён шартнома доранд  бояд шартномаро иҷро кунанд, бинобар ин новобаста аз он, ки маҳсулоташон  ба савдо намеравад,  воридотро кам намекунанд. Бинобар ин, қурби асъори миллӣ паст меравад. «Мо барои нигоҳ дошани қурби асъори миллӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаем, ки он устувор монад. Бонки миллӣ тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати паст бурдани қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА як миллион доллар ба муомилот бароварда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба фурӯш гузорад. Дар баробари ин, дар рӯзҳои наздик давлати Швейтсария барои Тоҷикистон бо ин мақсад 5 миллион доллари ИМА ҷудо менамояд, то ин масъала дар Тоҷикистон ба таври бояду шояд ҳалли худро ёбад», — тазаккур дод раиси Бонки миллӣ.

Январь 10, 2009 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд