БОЗДИДИ О. ОҚИЛОВ АЗ СТАНСИЯИ НАСОСИИ «СОМҒОР- 1»

Январь 14, 2009 14:41

Душанбе, 14 январ. ( АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов аз сафари   дурӯзаи корӣ ба   вилояти Суғд баргашт. Аз дафтари матбуоти Президенти ҷумҳурӣ ба АМИТ  «Ховар»  хабар доданд, ки сарвазир зимни сафар бо ҷараёни тармими стансияи нассосии обкашии  «Сомғор- 1» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуд. О.Оқилов ба коргарону мутахассисон супориш дод, ки  тармими стансияро то оғози кишти  баҳорӣ пурра ба охир расонанд.            Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки стансияи насосии обкашии  «Сомғор — 1» соли 1958 сохта шуда буд. Иқтидори он 16 ҳазор киловатт буда, 8 агрегат дорад ва  обро ба баландии  58,2 метр мебарорад.

Январь 14, 2009 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад