БУРДУ БОХТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ДАР СОЛИ 2008

Январь 8, 2009 16:08

Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).  Чанде, қабл  дар Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар кори он  раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимов, сардорони раёсатҳо ва командирони ҷузъу томҳои Сарраёсат иштирок намуданд. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ-ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар соли 2008 мавриди муҳокима қарор гирифта, вазифаҳои хизматӣ барои соли 2009 муайян карда шуданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар баромадҳо қайд гардид, ки соли сипаришуда аз тарафи ҳайати шахсии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ корҳои муайян ҷиҳати ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, аз назорати сарҳадӣ гузаронидани шахсони воқеъӣ ва воситаҳои нақлиёт, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар амалӣ гардиданд.Аз тарафи сарҳадбонони тоҷик беш аз 916 кг маводи нашъаовар, аз ҷумла  беш аз 110 кг героин, 752 кг каннабис, 53 кг чакидаи афюн  мусодира карда шуда.  Инчунин 312 131 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дарёфт ва нобуд карда шуд.Дар ин давра 160 ҳодисаи вайрон кардани сарҳади давлатӣ пешгирӣ карда шуда, 1263 нафар вайронкунандагони сарҳад (аз ҷумла 973 нафарашон дар нуқтаҳои гузаргоҳӣ), 999 нафар вайронкунандагони реҷаи сарҳадӣ боздошт гардиданд. Дар давоми соли гузашта 17 ҳодисаи задухӯрди мусаллаҳона ба қайд гирифта шудааст. 9  кӯшиши убури сарҳади давлатӣ пешгирӣ карда шуд. 21 нафар қочоқчии маводи нашъаовар дастгир гардид.  Дар натиҷа задухӯрдҳои мусаллаҳона 10 нафар вайронкунандани сарҳади давлатӣ нест карда шуда, 2 нафар захмӣ гардиданд. Дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 79 амалиёти махсус гузаронида шуд.Дар соли 2008 сарҳадчиёни тоҷик 36 адад яроқи оташфишон, аз ҷумла 14 автомат, 13 гранатомёт, 6 адад карабин, 2 адад таппонча, 1 адад пулемёт, 12 адад мина, инчунин 4 727 дона тири гуногун мусодира намуданд.Дар ҷаласа, камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Сарраёсат муҳокима ёфта, барои бартараф намудани онҳо чораҳои зарурӣ муайян гардиданд.            Ба роҳбарияти Сарраёсат ва командирони қисмҳои ҳарбӣ оиди сари вақт иҷро намудани чорабиниҳои нақшавӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Январь 8, 2009 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд