ЧАНД САВОЛИ НОРАВШАНИ «КОНСЕПСИЯИ АГРАРӢ»

Январь 9, 2009 11:44

         Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ оид ба қабули «Консепсияи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишасти матбуотӣ доир гашт. Директори Пажӯхишгоҳи иқтисодии Вазорати кишоварзӣ Ҷалил Пириев иброз дошт, ки мақсад аз қабули «Консепсияи аграрӣ» амалӣ гардидани сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳо, оқилона ҷойгир сохтани истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо озуқа ва бо ашёи хом таъмин намудани саноати коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ мебошад. Дар нишасти матбуотӣ он чиз норавшан монд, ки дар раванди истеҳсолоти аграрӣ ба ивази собиқ хоҷагиҳои коллективӣ, ки беш аз 29 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) таъсис ёфта 80 фоизи замин барои истифодаи якумра ба онҳо дода шудааст, дигарон чӣ манфиат мебинанд?. Илова бар ин,  дар ин нишаст ба саволҳои хабарнигорон, ки «Консепсияи кишоварзӣ» тавассути  чӣ қадар маблағ ва аз кадом сарчашмаҳои даромад амалӣ мешавад, беҷавоб монданд.  

Январь 9, 2009 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад