ЧИН АЗ ҶИҲАТИ ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДӢ ҶОИ СЕЮМРО ИШҒОЛ НАМУД

Январь 15, 2009 12:35

         Пекин, 15 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК).- Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 2007 аз ҷиҳати пешрафти иқтисодиёт дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол намуда, дар ин масъала аз Олмон пеш гузашт. Аз рӯи маълумоти охирин пешрафти иқтисодии Чин соли 2007 ба ҷои 11,9 фоизи пешбинишуда ба  13 фоиз расида, маблағи  маҷмӯи маҳсулоти  дохилии он 25,73 триллион юанро ташкил дод.         Ин  аз рӯи ҳисоби миёнаи солона 3,38  триллион   доллари ИМА — ро ташкил медиҳад, ки  аз даромади солонаи  Олмон дар соли 2007- ум  60 миллиард доллар зиёд аст. Маълумоти расмӣ дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиёти Чин дар соли 2008 ҳафтаи оянда нашр карда мешаванд. Пешбинӣ карда мешавад, ки имсол  натиҷаҳои рушди иқтисодиёти ин мамлакат нисбат ба соли 2007 хеле камтар хоҳад гашт. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии дохилии Чин соли 1978 баъди ба сари ҳокимият омадани Ден Сяопин ва   пеш гирифтани сиёсати дарҳои кушод то имрӯз бештар аз 70 баробар афзуд. Чин соли 2005 аз ҷиҳати пешрафти иқтисодиёт аз мамлакатҳои  тараққикардаи саноатии  Британияи Кабир ва Фаронса пеш гузашт.        Аз рӯи натиҷаҳои соли  2007   ИМА  аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар миқёси ҷаҳон ҷои аввал  ва Ҷопон ҷои дуюмро ишғол намуданд  Даҳ ҷои минбаъдаро Чин, Олмон, Британияи Кабир, Фаронса, Италия, Испания, Русия ва Ҳиндустон ишғол менамоянд.

Январь 15, 2009 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад