ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА СОЛИ БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ

Январь 24, 2009 10:21

                  Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам баргузории як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст.                  Сухангӯи Вазорати фарҳанг Гулаҳмад Давлатов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аввали моҳи июл ба ин муносибат конфронси ҷумҳуриявии илмиву амалӣ таҳти унвони «Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ» баргузор мегардад. Инчунин, моҳҳои июл-августи соли ҷорӣ китоби Имоми Аъзам «Фиқҳи Акбар» ва китобе дар бораи Абӯҳанифа — «Симои Имоми Аъзам» нашр хоҳад шуд.                 «Моҳи августи соли ҷорӣ баргузории як конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҳанафия ва интишори маорифи исломӣ» дар назар аст, ки дар он паҳлӯҳои мухталифи ҳаёт ва шахсияти Имоми Аъзам баррасӣ мегарданд», — идома дод Г. Давлатов.                  Дар баробари ин, бояд гуфт, ки дар муассисаҳои фарҳангӣ ва тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам чорабиниҳои гуногун роҷеъ ба мақом ва нақши Имоми Аъзам дар рушди фарҳанги исломӣ доир хоҳанд шуд.

Январь 24, 2009 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад