ДАР ҚУМСАНГИР МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА ГАРДИД
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон сокини ҷамоати Телмони ноҳияи мазкур Шералӣ Мусоеви 47-соларо дар гардиши ғайриқонунии нашъа гумонбар дониста, дастгир намуданд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳангоми азназаргузаронӣ аз ӯ 444, 2 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Айни ҳол нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






