ДАР АФҒОНИСТОН КАНАЛИ АМУДАРЁ — АНДХӮЙ СОХТА МЕШАВАД
Кобул, 31 январ. (АМИТ «Ховар» — Афғонистон. Ру.).- Дар вилояти Форёби Афғонистон сохтмони канали Амударё — Андхӯй ба нақша гирифта шуд. Сохтмони канали мазкур имкон медиҳад, ки масоҳати калони замин қобили кишт гардонда, бештар аз ним миллион сокини маҳаллӣ бо кор таъмин карда шавад. Мухбири АМИТ «Ховар» ба хабари агентии иттилоотии «Бохтар» — и Афғонистон истинод карда хабар медиҳад, ки лоиҳаи сохтмони канали мазкур чанд рӯз пеш дар маркази маъмурии вилояти Форёб — шаҳри Маймана мавриди баррасӣ қарор гирифт. Намояндаи ширкати «Коста интернейшнл» Довуд Ҷабборхел зикр кард, ки нақшаи сохтмони канали мазкур 4 сол пеш бо роҳбарони мамлакат мувофиқа карда шуда буд. Раиси ширкати мазкур Норман Мессен хабар дод, ки ба воситаи канали Амударё — Андхӯй ба вилояти Форёб дар як сония то 30 метри мукааб об ҷорӣ хоҳад гашт. Сохтмони канал 4 сол давом мекунад. Норман Мессен мақомоти Афғонистонро даъват кард, ки нақшаи сохтмони каналро дастгирӣ кунанд, зеро он барои рушди иқтисодиёти минтақа аҳамияти калон дорад. Тарҷумон — Қудратов А.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






