ДАР ЧИН ТЕЪДОДИ ФАЛОКАТҲОИ НАҚЛИЁТ ВА ҚУРБОНИЁНИ ОН КАМ МЕШАВАД
Пекин, 4 январ. (АМИТ «Ховар» — Лента. Ру). – Соли 2008 дар саросари Ҷумҳурии Мардумии Чин бештар аз 265 ҳазор фалокати нақлиёт ба кайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он 73 ҳазору 484 нафар ҳалок шуд. Илова бар ин дар натиҷаи фалокатҳои нақлиёт тақрибан 305 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудааст. Мувофиқи маълумоти вазорати амнияти ҷамъиятӣ, шумораи онҳое, ки соли 2008 дар натиҷаи фалокатҳои нақлиёт ҳалок шудаанд, нисбат ба соли 2007 – ум 19 фоиз, теъдоди маҷрӯҳшудагон 20 фоиз ва миқдори фалокатҳои нақлиёт 10 фоиз кам шудааст. Зарари чунин фалокатҳо дар давоми сол бештар аз 148 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод, ки нисбати ба соли 2007 – ум 15,8 фоиз кам аст. Ба ақидаи коршиносон, сабабҳои асосии кам шудани теъдоди фалокатҳои нақлиёт дар Чин гузаронидани маъракаҳои сершумори ташвиқу тарғиби таъмини амнияти роҳ мебошанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






